Инзивои ҳуқуқии Амрико бо раъйи Девони Байналмилалии Додгустарӣ
Девони Байналмилалии Додгустарӣ ба унвони рукни ҳуқуқии Созмони Милали Муттаҳид, бузургтарин ниҳоди байналмилалӣ дар ҳукме Амрикоро аз бозгардонидани таҳримҳои марбут ба хуруҷи ин кишвар аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон манъ кард.
Абдулқавӣ Аҳмад Юсуф, қозии Девони Байналмилалии Додгустарӣ дар ҳангоми судури раъй гуфт: “Ин девон ба иттифоқи оро ҳукм дод, ки Вашингтон бояд ҳар гуна монеаи иборат аз тадобири рӯйи дастгирифташуда дар рӯзи ҳаштуми моҳи майро, ки боиси бурузи халал дар содироти озоди дору ва хадамоти пизишкӣ, ғизо ва маҳсулоти кишоварзӣ ва низ қатаоти ҳавопаймо ба Эрон мешавад, барчинад”.
Дар ин ҳукм ба паймоне ишора шудааст, ки дар соли 1955 миёни Эрон ва Амрико ба имзо расид ва тарафайн мутааҳҳид шуданд аз иқдомоте, ки ба манофеи тиҷорӣ ва ҳуқуқи консулии шахсиятҳои ҳақиқӣ ва ҳуқуқии ду тараф латма ворид мекунад, худдорӣ кунанд.
Дар пайи хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаии БарҶом ва тасмими раисҷумҳури Амрико дар хусуси бозгардонидани таҳримҳои ҳастаӣ, Ҷумҳурии исломии Эрон шикоятеро дар бораи нақзи Паймони Маваддат (Паймони Дӯстӣ) алайҳи Амрико ба девон матраҳ кард. Девон низ дар ҳукме дастури муваққат содир кард ва аз Амрико хост, ба нақзи Паймони Маваддат хотима диҳад. Ин ҳукм пирӯзии бузурги ҳуқуқӣ барои Эрон ва мисдоқи боризе аз инзивои комили Амрико дар мавзӯи хуруҷ аз БарҶом қаламдод мешавад.
Пеш аз ин ва қабл аз ин, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико хуруҷи ин кишварро аз БарҶом эълом кунад, сарони кишварҳо ва ҷомеаи байналмилал дар мавриди мунзавӣ шудани Амрико ҳушдор дода буданд. Бо ин ҳол, Трамп бо нодида гирифтани ин ҳушдорҳо аз тавофуқе хориҷ шуд, ки ба таъйиди 7 кишвар ба ҳамроҳи Иттиҳоди Аврупои 28 узвӣ расида буд ва эътибори онро қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал тазмин карда буд.
Акнун раъйи Девони Байналмилалии Додгустарӣ, ки барои тамомии кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Амрико иҷрояш ҳатмӣ ва илзомӣ ба шумор меояд, бояд аз ҳар иқдоми хисоратбор ба ҳуқуқи Эрон то пеш аз судури ҳукми ниҳоӣ худдорӣ кунад. Албатта корномаи Амрико дар руёрӯӣ ба аҳком ва тасмимоти ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Девони Байналмилалии Додгустарӣ ва Шӯрои амнияти Созмони Милал тардидҳоеро дар мавриди иҷрои ҳукми содиршуда аз сӯйи девон эҷод кардааст.
Давлати кунунии Амрико бе ҳеҷ пардапӯшӣ, зиддияти худро бо ниҳодҳои байналмилалӣ ва муассисоти вобаста ба Созмони Милал, аз ҷумла ЮНЕСКО ва Шӯрои ҳуқуқи башар нишон додааст. Аз ин рӯ, чӣ басо Трамп дар идомаи тазъифи назми байналмилалӣ ва ба чолиш кашидани иқтидори ниҳодҳои ҳамонанди Девони Байналмилалии Додгустарӣ, аз иҷрои раъйи содира табаият накунад. Бо ин ҳол ва фориғ аз наҳваи бархурди Вашингтон бо тасмимоти девон, раъйи содира ҳаққонияти ҷумҳурии исломиро дар ин даъвои ҳуқуқӣ нишон медиҳад.
Пеш аз ин, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба унвони дидабони ҳастаии СММ тайи 12 гузориши фаслӣ, пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаиро эълом карда буд. Ҳафтаи пеш низ дар ҷаласае ба раёсати Доналд Трамп дар Шӯрои амнияти Созмони Милал, тамоми кишварҳои узв, ғайр аз Амрико, ошкоро ё бо ишораҳое БарҶомро мавриди ҳимоят қарор доданд ва аз тасмими Вашингтон барои хуруҷ аз ин тавофуқ интиқод карданд. Акнун раъйи Девони Байналмилалии Додгустарӣ нишон медиҳад, давлати Трамп дар гирифтани тасмими хуруҷ аз БарҶом то чӣ андоза танҳо ва мунзавӣ мондааст.