Духтари ироқӣ ва пизишки конгоӣ, барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобели 2018
Кумитаи Нобел ҷоизаи Сулҳи соли 2018-и худро ба як пизишки аҳли Конго ва як духтари ироқӣ, ки аз дасти гурӯҳи ДИИШ гурехта, эъто кард.
Ба гузориши ИСНА, Кумитаи норвегияии Нобел рӯзи ҷумъа аз миёнии 331 номзад, Денис Муквеге ва Нодё Муродро ба далели мубориза бо хушунати ҷинсӣ ва поён додан ба хушунати ҷинсӣ ба унвони як абзори ҷангӣ дар даргириҳои низомӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобели соли 2018 муаррифӣ кард.
Нодё Мурод шаҳрванди эзадии Ироқ, ки озодшуда аз чанги гурӯҳи террористии ДИИШ аст, аз сентябри 2016 ба унвони фаъоли сулҳ ва ҳамчунин сафири ҳусни нияти Созмони милали муттаҳид дар роҳи мубориза бо қочоқи инсон фаъолият мекунад.
Денис Муквеге низ пизишки аҳли ҷумҳурии демократии Конго аст, ки аз замони ҷанги дувуми ин кишвар, ҳазорон зани қурбонии таҷовузи гурӯҳӣ дар даргириҳои дохилиро дармон карда ва барандаи ҷоизаҳои бисёре дар заминаи ҳуқуқи башар аст.
Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобели 2017 Барномаи байналмилалии нобудии таслиҳоти атомӣ мавсум ба ICAN буд.