Октябр 06, 2018 17:15 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Ашраф Ғанӣ бо вогузории ҷанги Афғонистон ба ширкати амрикоӣ

Раисиҷумҳури Афғонистон дар вокуниш ба бархе ахбор бино бар тамоюли раисиҷумҳури Амрико, ба вогузории ҷанги Афғонистон ба ширкати амрикоӣ ва саҳюнистии Блэкуотер (Blackwater) гуфт, ҳузури ширкатҳои хориҷӣ дар ҷанги Афғонистон ҳаргиз амалӣ нахоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории "Анатолий", Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар ҷамъи шуморе аз ҷавонони вилояти Балх дар шимоли Афғонистон, таъкид кард, давлати Афғонистон ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод ширкатҳои хусусии хориҷӣ дар ин кишвар вориди ҷанги мусаллаҳона шаванд.

Раисиҷумҳури Афғонистон бо ишора ба талоши душманони кишвараш барои эҷоди тафриқа байни давлат ва мардум тасреҳ кард, Афғонистон мутааллиқ ба ҳамаи мардуми ин кишвар аст ва ҳаргиз истисмор нахоҳад шуд.

Ашраф Ғанӣ пештар низ эълом карда буд, давлати Афғонистон ба ширкати амрикоии Блэкуотер, иҷозаи дахолат дар ҷанги Афғонистонро нахоҳад дод.

Шумори зиёде аз намояндагони маҷлиси Афғонистон низ бо ҳузури низомии Блэкуотер дар ин кишвар мухолифат карда ва онро барои амнияти Афғонистон ва кулли минтақа бисёр хатарнок донистаанд.

Манобеи хабарӣ ахиран аз тамоюл Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба супурдани ҷанги Афғонистон ба ширкати Блэкуотер хабар додаанд.

Ширкати амрикоӣ-саҳюнистии Блэкуотер дар замони ҷанги Ироқ, ҷиноёти зиёде дар ин кишвар муртакиб шуд ва ҳазорон нафар аз инсонҳои бегуноҳро қатли ом кард.