Октябр 07, 2018 13:20 Asia/Dushanbe
  • Алҷазира: Ҷасади рӯзноманигори арабистонӣ дар Истамбул пайдо шуд

Шабакаи хабарии Алҷазира эълом кард: Ҷасади "Ҷамол Хошиқҷӣ" (Jamal Khashoggi) рӯзноманигори мунтақиди Арабистон дар яке аз манотиқи Истамбули Туркия пайдо шудааст.

Рейтер низ пештар ба нақл аз баъзе мақомҳои турк навишта буд, ки Ҷамол Хошиқҷӣ  рӯзноманигори Саудӣ дар консулгарии Арабистон дар Истамбул ба қатл расидааст.

Хошиқҷӣ сешанбеи гузашта ба ҳамроҳи номзадаш барои сабти издивоҷ ба консулгарии Арабистон дар Истамбул муроҷиа кард, аммо аз он хориҷ нашуд.

Давлати Туркия низ эълом кард: Бар асоси иттилооти мавҷуд, Хошиқҷӣ ҳамчунон дар бинои консулгарӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки Арабистон муддаӣ аст, ин рӯзноманигор аз консулгарӣ хориҷ ва пас аз он рабуда шудааст.

Баръзе манобеи хабарӣ гуфтаанд, ки Хошиқҷӣ, зери шиканҷа ба қатл расидааст.

Номи Ҷамол Хошиқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ дар феҳристи афроди боздоштӣ ва таҳти таъқиби режими Саудӣ қарор дошт ва вай аз бими боздошт шудан, дар хориҷ аз Арабистон зиндагӣ мекард.