Лондон ғарқ мешавад
(last modified Sun, 07 Oct 2018 09:27:21 GMT )
Октябр 07, 2018 14:27 Asia/Dushanbe
  • Лондон ғарқ мешавад

Бо афзоиши рӯз ба рӯзи гармии кураи замин, эҳтимоли ба зери об рафтани пойтахти Англия ба хотири боло омадани сатҳи оби баҳр вуҷуд дорад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Алолам, бар асоси як мутолиаи ҷадид, бо таваҷҷуҳ ба боло омадани сатҳи оби баҳр дар пайи афзоиш ҷаҳонии гармо, Лондон ва дигар шаҳрҳои соҳили Англия дар маърази хатари ба зери об рафтан қарор гирифтаанд.

Сатҳи оби баҳр дар тӯли замон беш аз 40 сантиметр афзоиш хоҳад ёфт. Бо ин ҳол, агар тибқи тавофуқномаи тағйироти обуҳавоии Париж, афзоиш гармӣ ба зери 1.5 дараҷаи сантиград нисбат ба сатҳи он пеш аз санъатӣ шудан бирасад, аз ин иттифоқ пешгигирӣ хоҳад шуд.