Ашраф Ғанӣ: Ноамниҳои шимоли Афғонистон ҳадафманд аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38585-Ашраф_Ғанӣ_Ноамниҳои_шимоли_Афғонистон_ҳадафманд_аст
Раиси ҷумҳурии Афғонистон афзоиши ноамниҳо дар шимоли ин кишварро барномаи аз қабл таъйиншудаи душманони ин кишвар хонд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 07, 2018 11:32 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ: Ноамниҳои шимоли Афғонистон ҳадафманд аст

Раиси ҷумҳурии Афғонистон афзоиши ноамниҳо дар шимоли ин кишварро барномаи аз қабл таъйиншудаи душманони ин кишвар хонд.

Ба гузориши Радиои паштуи бурунмарзии Эрон, Ашраф Ғанӣ дар ҷамъи мардуми Мазори Шариф маркази вилояти Балх дар шимоли Афғонистон гуфт: Таҳдидҳои амниятӣ ва ноамниҳои мавҷуд дар ин минтақа амдӣ ва ҳадафманд аст ва далели он беҳбуди равобити Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва иҷрои тарҳҳои ҳаётӣ дар шимоли ин кишвар аст.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон афзуд, барои таъмини амнияти шаҳри Мазори Шариф, неруҳои пулис бояд ба таҷҳизоти пешрафта муҷаҳҳаз шаванд, то битавонанд бо ҳамлаҳои мухолифон муқобила кунанд.

Генерал Абдуррашид Дустум муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ахиран эълом карда буд, ҳазорон нафар аз аъзои гурӯҳи такфирии Дииш, ки дар Сурия шикаст хӯрдаанд, барои ноамн кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шимоли Афғонистон интиқол дода мешаванд.