Октябр 08, 2018 13:32 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷорҳои террористӣ дар Бағдод

Бар асари инфиҷорҳои террористӣ дар Бағдоди пойтахти Ироқ се ғайринизомии ироқӣ кушта шуданд.

Бар асари инфиҷори як бомб дар бахши тиҷорӣ дар минтақаи Абу Дашир дар ҷануби Бағдод ду нафар кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд.

Аз сӯи дигар, як манбаъ дар Вазорати кишвари Ироқ аз инфиҷори як бомб дар мошине дар минтақаи Алшуъла дар шимоли Бағдод хабар дод, ки бар асари он ду нафари дигар захмӣ шуданд.

 

Барчасп