Посухи вазири энержии Русия ба иддаои нафтии валиаҳди Саудӣ
Октябр 10, 2018 16:50 Asia/Dushanbe
Вазири энержии Русия иддаои валиаҳди Саудиро дар бораи нафти Русия рад кард.
Александр Новак, вазири энержии Русия дар посух ба иддаои Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, ки гуфта буд, нафти Русия пас аз 19 сол поён ё ба шиддат коҳиш меёбад гуфт, ки Русия то муддатҳо бузургтарин тавлидкунандаи нафти ҷаҳон хоҳад буд.
Русия дар макони нахусти содироти нафт қарор дорад ва ин кишвар рӯзона 11 миллиону 350 ҳазор бушка нафт тавлид мекунад.
Барчасп