Ҳамлаи Трамп ба дӯстон ва душманони Амрико
(last modified Thu, 11 Oct 2018 09:18:19 GMT )
Октябр 11, 2018 14:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Трамп ба дӯстон ва душманони Амрико

Аз ҳангоми рӯйи кор омадани Доналд Трамп ба унвони раисҷумҳури Амрико дар январи 2017, арсаи байналмилалӣ дастхуши танишҳои зиёде ба далели сиёсатҳо ва иқдомоти вай шудааст.

Трамп борҳо дӯстон ва душманони Амрикоро мавриди интиқодҳои шадид қарор дода ва ба ҳамин далел равобити Амрико бо шарқи Осиё ва низ равобити ду сӯйи Уқёнуси Атлантика вориди марҳилаи муталотиме шудааст.

Зимни ин ки Трамп бо хориҷ кардани Амрико аз бархе тавофуқоти байналмилалӣ боиси бурузи танишҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ шудааст. Трамп бо пайгирии сиёсати якҷонибагароёна ва иродаи комилан мустабидона дар садади таҳмили рӯйкардҳо ва хостаҳои мухталифи худ ба дигар кишварҳо, аз ҷумла дар заминаи тиҷорӣ бо пайгирии сиёсатҳои ҳимоятгароёна баромадааст.

Марие Сисил Навес, муҳаққиқи фаронсавӣ муътақид аст, сиёсатҳои Трамп бар ҳукмфармоӣ, блеф ва тавтеа асос ёфта ва вижаи шахси ӯст. Дар ин чорчӯб Трамп дар як таҷаммуи интихоботӣ дар яке аз шаҳрҳои иёлати Айова бори дигар бо ишора ба мавозеи сиёсати хориҷии давлаташ дар қиболи дигар кишварҳо, дӯстон ва душманони Амрикоро мавриди интиқод қарор дод ва ба онҳо тохт.

Трамп ба такрор мавозеи давлати худ дар қиболи Иттиҳоди Аврупо, НАТО, Олмон, Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ ва Эрон пардохт ва зимни ишора ба мавозеи сиёсати хориҷии давлати Амрико дар қиболи дигар кишварҳо иддао кард, ки дар натиҷаи мавозеи вай бори дигар ба Иёлоти Муттаҳида эҳтиром гузошта мешавад.

Раисҷумҳури Амрико дар суханони худ зимни интиқод аз сиёсатҳои “ҳимоятгарона” -и кишварҳои Аврупо гуфт: Иттиҳоди Аврупо агарчӣ дар зоҳир хуб ва зебо ба назар мерасад, аммо бераҳм аст ва ин иттиҳодия барои ин ки аз мо судҷӯӣ кунад, ташкил шуд.

Трамп ҳамчунин бори дигар алайҳи Чин изҳороти тунде матраҳ кард ва афзуд: “Дар натиҷаи солҳо равобити тиҷории ғайримунсифона байни ду кишвар, Пекин миллиардҳо доллар аз Вашингтон ба ҷайб зада, аммо бо оғози раёсатҷумҳурии ман ин раванд дигар тамом шудааст”.

Трамп аз Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ низ ба шиддат интиқод ва муддаӣ шуд, Амрико ҳазинаи ҳифозат аз онҳоро медиҳад, аммо Ҷопон аз Амрико суиистифода мекунад.

Трамп ҳамчунин бори дигар изҳороти худ дар бораи лузуми пардохти пул тавассути Арабистони Саудӣ ба Амрикоро такрор кард ва гуфт, коре ки мо мекардем он буд, ки дар ивази дарёфти ҳеҷ чизе, аз кишварҳои сарватманд ҳифозат мекардем.

Бахши дигари суханони Трамп ба Эрон ихтисос пайдо кард ва аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз тавофуқи ҳастаии БарҶом ва мавозеи зиддиэронии давлаташ дифоъ кард.

Трамп гуфт, қабл аз ин ки ман раисҷумҳур шавам, Эрон метавонист зарфи 12 дақиқа кулли Ховари Миёнаро таҳти контрол бигирад. Трамп муддаӣ шуд, ки дар ростои истифода аз қудрати сахт дар ҳоли сохтан қавитарин артише аст, ки Амрико то кунун доштааст.

Изҳороти ахири Трамп нишон медиҳад, ки вай ҳамаи ҷаҳонро қарздори Амрико медонад. Аз нигоҳи Трамп бахше аз дунё монанди Чин ва Аврупо аз Амрико суиистифода карда ва бахше дигар, яъне муттаҳидони минтақаии Вашингтон монанди Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ аз Амрико савории ройгон гирифтаанд.

Аз сӯйи дигар, Трамп бо иддаои нодуруст дар бораи Эрон, дар садади густариши Эронҳаросӣ дар минтақа аст. Трамп дар ростои шиори “нахуст Амрико”, зимни аввлавият додан ба манофеъ ва аҳдофи Амрико ва бидуни таваҷҷуҳ ба манофеи дигар кишварҳо, бар ин ақида аст, ки сиёсатҳои якҷонибагароёна ва худмеҳваронааш ба афзоиши қудрат ва ғалабаи ин кишвар бар рақибонаш мунҷар хоҳад шуд.

Бо ин ҳол нигоҳе ба натоиҷи сиёсатҳои Трамп аз замоне, ки рӯйи кор омада, нишон медиҳад, ки сиёсатҳои якҷонибагароёна ва қулдурмаобонаи вай фақат боиси инзивои рӯзафзуни Амрико дар ҷаҳон шудааст.