Озодии ҷосуси амрикоӣ дар Туркия
(last modified Sat, 13 Oct 2018 13:11:49 GMT )
Октябр 13, 2018 18:11 Asia/Dushanbe
  • Озодии ҷосуси амрикоӣ дар Туркия

Саранҷом таҳти фишорҳои Амрико, додгоҳи шаҳри Измири Туркия, ҳукми озодии Эндрю Брансон, кашиши амрикоии муттаҳам ба ҷосусӣ дар Туркияро содир кард.  

Эндрю Брансон, табааи амрикоӣ давоздаҳуми октябр, таҳти тадобири шадиди амниятӣ барои чаҳорумин бор дар додгоҳи Измир дар ғарби Туркия ҳозир шуд.

Ниҳоят қозии додгоҳ бо шунидани изҳороти шуҳуд, ҳукми озодии вайро содир кард.

Кашиш Брансон пас аз 2 сол ҳабс ва ҷанҷоле, ки ҳавли меҳвари ин мавзуъ миёни Туркия ва Амрико ба вуҷуд омада буд, озод шуд.

Пеш аз ин, Эндрю Брансон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо кудатогарони Туркия, ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои террористӣ, ҳамкорӣ бо гурӯҳи Гулен ва ПКК ва низ ҷосусӣ ба нафъи Амрико ба 35 сол зиндон маҳкум шуда буд.

Бо вуҷуди ин аз замони боздошт дар ҳабси муваққат ба сар мебурд ва ҳукми вай қатъӣ нашуда буд.

Пеш аз озодии Брансон расонаи ғарбии NBC, аз тавофуқи пинҳонии Туркия ва Амрико дар ин замина хабарҳое мунташир карда буд.

Бо вуҷуди ин, Ҳедер Норорт, сухангуи Вазорати хориҷаи Амрико бо радди иддаоҳои телевизиони NBC гуфт: “То онҷое, ки ман медонам, дар хусуси Брансон, тавофуқе сурат нагирифтааст , бо ин ҳол, озодии вай барои равобити дуҷонибаи Амрико-Туркия як қадами бисёр муҳим хоҳад буд”.   

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар хусуси озодии Брансон ба хабарнигорон гуфтааст: “Мо дар хусуси масъалаи Брансон бо Туркия тавофуқе сурат надодаем”.  

Масъалаи Фатҳуллоҳ Гулен, парвандаи Акбанки Туркия дар Амрико, ҳимоятҳои таслиҳотӣ ва логистикии Амрико аз курдҳои Сурия ва Ироқ ва масоили фаровони мушобеҳ, ҳамагӣ хушбинӣ барои ояндаи равобити Туркия- Амрико дар даврони пасо-Брансонро аз байн мебарад.