Туркия ба ду ҳавопаймои Саудӣ иҷозаи фуруд надод
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38715-Туркия_ба_ду_ҳавопаймои_Саудӣ_иҷозаи_фуруд_надод
Манобеи хабарӣ мегӯянд, Туркия иҷоза надодааст ду ҳавопаймои хусусии Саудӣ, дар фурудгоҳи Отатурк бар замин бинишинанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 13, 2018 15:35 Asia/Dushanbe
  • Туркия ба ду ҳавопаймои Саудӣ иҷозаи фуруд надод

Манобеи хабарӣ мегӯянд, Туркия иҷоза надодааст ду ҳавопаймои хусусии Саудӣ, дар фурудгоҳи Отатурк бар замин бинишинанд.

Хабарнигори шабакаи Алҷазира дар Туркия, имрӯз (шанбе) хабар дод, ки масъулони Туркия иҷоза надоданд ду ҳавопаймои хусусии Саудӣ, дар фурудгоҳи Отатурк бар замин бинишинанд.

Шабакаи хабарии Алҷазира ҳанӯз ба ҷузъиёти ин иттифоқ ё далели он, ишорае накардааст.

Фурӯдгоҳи байналмилалии Отатурк, ки яке аз бузургтарин ва муҳиммтарин фурудгоҳҳои Туркия аст, яке аз ду фурудгоҳи Истамбул аст, ки дар фосилаи 24 километрии шаҳр (ғарби Туркия) воқеъ шудааст.