Талоши писари Трамп барои доғдор кардани чеҳраи Хошуқҷӣ
Як рӯзномаи амрикоӣ навишт, писари бузурги Трамп паёмҳои ду рӯзноманигори муҳофизакорро дар талош барои доғдор кардани номи Хошуқҷӣ дар “Твиттер” мунташир кард.
Рӯзномаи "Huffington Post" дар гузорише навишт, Доналд Трамп Ҷуниер (Donald Trump Junior), фарзанди бузургии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа чанд паёми “Твиттер”-риро мунташир кард, ки мехоста номи Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди Саудиро, ки авоили ин моҳ дар консулгарии Саудӣ дар Туркия ба қатл расид, ба унвони муттаҳиди террористҳо доғдор кунад.
Писари раисиҷумҳури Амрико табодули паём миёни Patrick Pool, хабарнигори бахши терроризм дар пойгоҳи интернетии муҳофизакор " Pg media" ва Sean Davis, бунёнгузори пойгоҳи интернетии муҳофизакори " федералист"-ро мунташир кард.
Patrick Pool рӯзи ҷумъа дар “Твиттер” тасвире аз як мақола дар соли 1988-ро бо имзои Хошуқҷӣ “твитт” кард, ки дар он аксе аз ин рӯзноманигори мунтақиди Саудиро бо як дастгоҳ "РПГ" дар Афғонистон нишон медиҳад.
"Huffington Post" менависад, аммо он чи, ки Трамп Ҷониор нодида гирифта ин аст, ки замоне, ки Хошуқҷӣ ин мақоларо навишта, давлати Амрико ҳам аз муборизони афғон дар ҷанг бо Шӯравӣ ҳимоят мекард.
Ҷамол Хошуқҷӣ 2 октябр пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия нопадид шуд. Расонаҳо чанд рӯз баъд гузориш доданд, ки ҷасади Хошуқҷӣ, ба сурати мисла(пора-пора) шуда ва бо осори фаровони шиканҷа дар Истанбул пайдо шудааст.
Ҷамол Хошуқҷӣ, яке аз мунтақидони Ол Сауд ва мухолифи равобити Арабистон бо режими саҳюнистӣ буд.