Октябр 13, 2018 20:26 Asia/Dushanbe
  • Ҷо Байден: Трамп арзишҳои Амрикоро ба сатили партов мерезад

Муовини раисиҷумҳури пешини Амрико дар тозатарин ҳамалоти лафзӣ алайҳи Доналд Трамп эълом кард, ки ӯ бо иқдомоташ арзишҳои ин кишварро дар сатили зубола(партов) мерезад.

Ба гузориши нашрияи Ҳилл, Joe Biden, муовини Барак Обама, раисиҷумҳури пешини Амрико, рӯзи ҷумъа дар шадидтарин ҳамалоти лафзӣ алайҳи Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар дар як гирдиҳамоӣ дар шаҳри Оуингсвилл(Owingsville) дар Кентукки гуфт, тавре, ки Трамп Аамрикоиҳоро масхара ва бадном мекунад, фақат арзишҳои Амрикоро ба сатили зубола мерезад.

Вай ин изҳоротро дар як гирдиҳамоӣ дар ҳимоят аз Amy Mcgrath, номзади демократи интихоботи Конгресс матраҳ кард.

Муовини раисиҷумҳури пешини Амрико дар бахши дигар аз изҳороташ, ки тасаввур мешуд барои интихоботи раёсатҷумҳурии 2020 номзад мешавад, ин масъаларо такзиб кард ва гуфт, фикр мекунад афроди зиёде дар ҳизби демократ ҳастанд, ки метавонанд Трампро шикаст диҳанд.

Донолд Трамп ва Ҷо Бойден дар моҳҳои ахир борҳо якдигарро мавриди ҳамалоти лафзӣ қарор додаанд.

Ҷо Байден пеш аз ин ва дар моҳи март низ эълом кард, "агар бо Доналд Трамп дар давраи дабиристон дар як мадраса будам, ба хотири изҳороти таҳқиромезаш алайҳи занон ва мардони амрикоӣ, то мехӯрд кутакаш мезадам".

Трамп ҳам дар вокуниш ба изҳороти Бойден гуфта буд, ки "ӯ чӣ аз назари баднӣ ва чӣ аз назари ақлӣ одами заифе аст ва бо ин вуҷуд ҳамчунон маро таҳдид ба ҳамлаи физикӣ мекунад, аммо тавре сареъ ва сахт ӯро ба замин мезанам, ки тамоми масирро гиря кунад".