Октябр 14, 2018 10:27 Asia/Dushanbe
  • Нақши Амрико дар афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон

Манобеи расонаии афғон аз афзоиши кишти хашхош (кукнор) дар манотиқе, ки неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур доранд, хабар доданд.

Ба гузориши манобеи расонаии Афғонистон, кишоварзони баъзе аз вилоятҳои Афғонистон аз ҷумла Ҳилманд дар ҷануби ин кишвар ба базр ё тухмии ҷадиди хашхош бо қобилияти маҳсулдиҳии чандбора дар сол, даст ёфтаанд.

Чанде пеш Абдуллоҳ Борикзай намояндаи мардуми вилояти Урузгон дар парлумони Афғонистон гуфта буд, Амрико дар ҳоле ба Афғонистон солона 4 миллиард доллар пул медиҳад, ки беш аз садҳо миллиард доллар аз қочоқи маводи мухаддир дар Ҳамланд ба даст овардааст.

Пас аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 ҳаҷми тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар аз 200 тон ба 9 ҳазор тон афзоиш ёфтааст.