Октябр 14, 2018 14:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Трамп аз идомаи муомилаҳои таслиҳотӣ бо режими Саудӣ

Масъалаи нопадид шудан ва сарнавишти мубҳами Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор ва мунтақиди маъруф ва мафқуд(гумшуда) шудаи Саудӣ дар консулгарии Арабистон дар Истамбул, вокунишҳои мутааддидеро барангехтааст.

Иқдоми бесобиқаи режими Саудӣ дар бархӯрд бо ин мунтақид, ки акнун эҳтимоли қатли бераҳмонаи вай, ба шиддат афзоиш ёфта ва ҳатто сӯҳбат аз мисла(пора-пора) кардани Хошуқҷӣ тавассути маъмурони эъзомии Саудӣ ба Истамбул меравад, вокунишҳои шадидеро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба думбол дошта ва дархостҳо барои шаффофсозӣ дар ин замина рӯ ба афзоиш аст.

Кишварҳо ва мақомоти аршади бархе аз кишварҳои аврупоӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва низ дар Амрико зимни маҳкум кардани ин иқдоми ғайри инсонӣ ва зидди ҳуқуқи башарӣ, масъалаи таҳрим ва ё мамнуияти фурӯши таслиҳот ба режими Саудиро матраҳ кардаанд. Ҳамчунон дар Конгресси Амрико акнун баҳси мамнуияти фурӯши таслиҳот ба Арабистони Саудӣ матраҳ шуда, ки нигаронии ширкатҳои таслиҳотии Амрикоро ба думбол доштааст. Дар ин Rand Paul, Bob Menendez ва Marco Rubio, сенаторҳои амрикоӣ ҳамагӣ аз таҳрими фурӯши силоҳ ба Арабистон дар сурати исботи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди режими Арабистони Саудӣ аз сӯи маъмурони ин режим сухан гуфтанд.

Bob Corker, сенатори аршади ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико эълом кард, ёфтаҳои иттилоотӣ нишонмедиҳад, режими Саудӣ ба таври мустақим дар тавтеачинӣ ва нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди ҳуккоми Саудӣ бавижа Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ин кишвар нақш доштааст.

Бо ин ҳол Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ошкоро хоҳони идомаи муомилоти таслиҳотӣ бо саудӣ шудааст. Дар ин росто Трамп бо ишора ба дархости бархе сенаторҳо барои таваққуфи фурӯши таслиҳот ба Риёз ба думболи қатли Хошуқҷӣ гуфт, ки ин корро ба далели суди миллиардӣ ҳам, ки шуда нахоҳад кард.Трамп, ки таҳти фишори афкори умумӣ ва Конгресси Амрико аст, то нисбат ба ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи эҳтимолии Ҷамол Хошуқҷӣ вокуниш нишон диҳад, дар охирин изҳори назари худ эълом кард, ки ба назараш «мантиқӣ нест, ки муомилаи таслиҳотии 110 миллиард долларӣ бо Арабистонро барҳам бизанад.»

Трамп гуфт: « агар мо ба онҳо 110(саудиҳо) миллиард доллар силоҳ нафарушем онҳо мераванд, аз Русия ва Чин мехранд ва ин ба нафъи мо нест. Корҳои дигаре метавонем бикунем.» Раисиҷумҳури Амрико ҳамчунин дар бораи дархостҳои аъзои Конгресс дар заминаи таваққуфи фурӯши силоҳ ба Арабистон ба далели мавзӯи Хошуқҷӣ гуфт, аъзои Конгресс дар ин гом аҷала(шитоб) карданд ва ман ҳушдор медиҳам, ин кор эҳтимолан ба зарари Амрико бошад. Бад-ин тартиб Трамп беэътиноии худ дар бораи ҳуқуқи башар дар кишварҳои муттаҳиди Амрикоро аён кард. Дар айни ҳол вобастагон ба Трамп талош мекунанд, ки шахсияти Ҷамол Хошуқҷиро хадшадор кунанд, то бад-ин тартиб беэътиноӣ ба қатли вайро тавҷеҳ кунанд. Дар ин росто Доналд Трамп Ҷониер(Donald Trump Junior), фарзанди аршади Трамп, паёмҳои ду рӯзноманигори муҳофизакорро дар талош барои доғдор кардани номи Хошуқҷӣ дар “Твиттер” мунташир кард. Дар ин “твитт”-ҳо Хошуқҷӣ муттаҳам ба ҳамроҳӣ бо ифротгароён шудааст. Вазорати хориҷаи Амрико ҳарсола гузорише дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳон мунташир мекунад ва дар он бавижа кишварҳои мухолиф ё рақиби Амрикоро муттаҳам ба нақзи густурдаи ҳуқуқи башар мекунад, аммо дар бораи режимҳои вобаста ба Амрико монанди режими Саудӣ, аз мавориди густурдаи нақзи ҳуқуқи башар тавассути он убур мекунад.

Режими Саудӣ аз саркӯбгартарин режимҳо дар ҷаҳон маҳсуб шуда ва ба шиддат бо ҳар гуна эътироз ва ё интиқод бархӯрд карда ва мунтақидон ва мухолифони худро мавриди озору азият, зиндонӣ кардан қарор дода ва дар мавориде низ онҳоро эъдом кардааст. Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ низ, ки акнун амалан зимоми умури ин кишварро дар ихтиёр дорад, зимни пешбурди сиёсатҳои маддиназари Амрико амалан сарвати Арабистонро бо имзои қарордодҳои таслиҳотӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ чандсад миллиард долларӣ дар ихтиёри Вашингтон қарор додааст, то бад-ин тартиб аз тариқи амнияти воридотӣ, ҳамчунон режими Саудӣ султаи худро бар Арабистон ҳифз кунад. Акнун бо мавзеъгирии сареҳи Трамп ба нафъи режими Саудӣ метавон интизор дошт, ки иқдомоти зидди ҳуқуқи башарии режими Саудӣ афзоиш ёбад.