Таъкид бар ноуҳдабароии Оли Сауд дар баргузории маросими ҳаҷ
(last modified Sat, 10 Sep 2016 09:44:23 GMT )
Сентябр 10, 2016 14:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар ноуҳдабароии Оли Сауд дар баргузории маросими ҳаҷ

Раиси аҳли тасаннуни Шӯрои ухуввати исломии Афғонистон бо интиқод аз Арабистон гуфт, ки ҳукумати ин кишвар тавони мудирияти маросими ҳаҷро надорад.

Ҳабибуллоҳи Ҳисом рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИРНА дар Кобул, бо ишора ба фоҷеаи Мино дар соли гузашта гуфт, омили аслии фоҷеа дар фаризаи ҳаҷ, заъфи давлати Арабистони Саудӣ дар мудирияти ин маросим аст.

Ҳисом таъкид кард, вуҷуди назми нисбӣ дар маросими ҳаҷ низ натиҷаи талоши худи ҳоҷиён ва кишварҳои исломӣ аст ва ҳеҷ талош ва ибтикоре тавассути давлати Арабистон барои барқарории назм ва мудирияти саҳеҳи ин маросим мушоҳида намешавад.

Раиси аҳли тасаннуни Шӯрои ухуввати исломии Афғонистон ҳамчунин роҳи ҳалли қатъӣ барои ҷилавгирӣ аз бурузи ҳаводисе монанди фоҷеаи Миноро таъсиси як дабирхона ё шӯрои олӣ аз тамоми кишварҳои исломӣ дар Маккаи мукаррама барои мудирияти муштараки ин маросим донист.

Ҳазорон зоир, аз ҷумла 464 зоири эронӣ Иди Қурбони соли гузашта дар ҳоли анҷоми маносики ҳаҷ дар сарзамини Мино ба иллати ноуҳдабароии масъулони Оли Сауд ҷони худро аз даст доданд.