Октябр 15, 2018 09:49 Asia/Dushanbe
  • Толибон як маркази амниятӣ дар Ғазнии Афғонистонро ба оташ кашид

Гурӯҳи Толибон, сохтмони фармондеҳӣ-амниятии шаҳристони Андар дар вилояти Ғазнии Афғонистонро ба оташ кашид.  

Холиқдоди Акбарӣ, узви Шӯрои вилоятии Ғазнӣ гуфт, пас аз онки нерӯҳои артиш, сохтмони фармондеҳӣ-амниятии шаҳристони Андарро бидуни даргирӣ тарк карданд, нерӯҳои Толибон бо тасарруфи он, ин сохтмонро ба оташ кашиданд.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангуи Толибон муддаӣ шуд, нерӯҳои ин гурӯҳ, маркази шаҳристони Андарро тасарруф кардаанд, аммо фармондеҳи амниятии Ғазнӣ бо радди ин иддао мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз талафот, низомиёни афғон мақарри фармондеҳӣ-амниятии шаҳристони Андарро тарк карда ва ба макони дигар мунтақил шуданд.