Ҳамла бо трактор ба сафорати Исроил дар Анкара
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38782-Ҳамла_бо_трактор_ба_сафорати_Исроил_дар_Анкара
Манобеи саҳюнистӣ аз ҳамлаи як кишоварзи туркияӣ ба сафоратхонаи Исроил дар Анкара хабар доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 16, 2018 20:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла бо трактор ба сафорати Исроил дар Анкара

Манобеи саҳюнистӣ аз ҳамлаи як кишоварзи туркияӣ ба сафоратхонаи Исроил дар Анкара хабар доданд.

Як кишоварзи туркияӣ бо трактораш қасд дошт, ба сафорати Исроил дар Анкара ҳамла кунад, ки тавассути нерӯҳои амниятӣ боздошт шуд.

Кишоварз ба дастури таваққуфи нерӯҳои полис ҳеҷ таваҷҷуҳе накард ва дар ниҳоят трактори вай бо шиллики полис аз масири худ мунҳариф ва пас аз бархурд бо мошинҳои паркшуда мутаваққиф шуд.

Ронандаи 45 солаи трактор, ки мақомоти Туркия дастури бозҷуӣ аз вайро содир кардаанд, ҳеҷгуна сӯисобиқае надорад.