Сентябр 10, 2016 14:58 Asia/Dushanbe
  • Омодабоши шадиди амниятии полиси Амрико дар остонаи 11-уми сентябр

Тадобири амниятӣ дар Амрико дар остонаи понздаҳумин солгарди вуқӯи ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 ташдид шудааст.

Ба гузориши рӯзнома амрикоии "Вашингтон таймс", мақомоти амрикоӣ дар остонаи понздаҳумин солгарди вуқӯи ҳамалоти террористии 11-уми сентябр ва бо вуҷуди барномарезиҳои анҷомшуда барои баргузории чандин рӯйдоди миллии варзишӣ дар ин кишвар, дар рӯзи якшанбе, дар ҳолати омодабош ба сар мебаранд.

Мақомоти аршади амнияти Амрико дар рӯзҳои ахир ҳамалоти террористӣ алайҳи ин кишварро амре иҷтинобнопазир тавсиф ва эълом кардаанд, ки доманаи ин таҳдид дар муқоиса бо 15 соли гузашта ба маротиб васеътар аст.

Том Риҷ, вазири собиқи амнияти дохилии Амрико низ гуфтааст, воқеияти феълӣ ин аст, ки эҳтимоли вуқӯи як ҳамлаи террористии дигар дар хоки Амрико вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, Айман Аззавоҳирӣ, раҳбари Алқоида ахиран Амрикоро ба такрори ҳамалоти террористии шабеҳи ҳамалоти ёздаҳуми сентябр таҳдид кардааст.

Дар ҳамалоти террористии 11-уми сентябри соли 2001, маркази Вазорати дифои Амрико, Пентагон ва бурҷҳои тиҷории шаҳри Ню-Йорк ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.

 

Барчасп