Нахустин бор дар Эфиопия як зани мусулмон вазири дифоъ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38802-Нахустин_бор_дар_Эфиопия_як_зани_мусулмон_вазири_дифоъ_шуд
Дар Эфиопия нахустин бор як зани мусулмон ба унвони вазири дифоъ таъйин шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 17, 2018 14:24 Asia/Dushanbe
  • Нахустин бор дар Эфиопия як зани мусулмон вазири дифоъ шуд

Дар Эфиопия нахустин бор як зани мусулмон ба унвони вазири дифоъ таъйин шуд.

Ба гузориши ИРНА, Абий Аҳмад Алӣ, нахуствазири кишвари африқоии Эфиопия - Оиша Муҳаммад, як зани мусулмони боҳиҷобро ба унвони вазири дифои ин кишвар таъйин кард.

Нахуствазири Эфиопия ҳамчунин рӯзи сешанбе дар чорчӯби тармими кобина 16 вазирро тағйир дод ва теъдоди вазоратхонаҳои ин кишварро аз 28 ба 20 вазоратхона кост.

Ӯ ҳамчунин ниме аз вазоратхонаҳоро ба занон супурд.

Ҳизби ҳокими Эфиопия пас аз пазируфтани истеъфои Ҳойлимарям Дисалин, нахуствазири пешини ин кишвар, Абий Аҳмад Алиро, ки мусулмон аст ба унвони нахуствазири ҷадид таъйин кард.

Маҷлиси намояндагони Эфиопия низ пештар дар иқдоме бесобиқа Муфериат Комил, як зани мусулмонро ба унвони раиси маҷлис интихоб карда буд, аммо вай чанд рӯзи пеш истеъфо кард ва пас аз он ба унвони вазири сулҳ дар давлат мансуб шуд.