Мақоми рус: Имкони ҳазфи Эрон аз бозори нафт вуҷуд надорад
(last modified 2018-10-17T14:58:04+00:00 )
Октябр 17, 2018 19:58 Asia/Dushanbe
  • Мақоми рус: Имкони ҳазфи Эрон аз бозори нафт вуҷуд надорад

Вазири тавсеаи иқтисодии Русия тасреҳ кард, ки имкони ҳазфи Эрон аз бозори ҷаҳонии нафт вуҷуд надорад.

Максим Урашкин, вазири тавсеаи иқтисодии Русия дар понздаҳумин Нишасти солонаи Валдай дар Сочии Русия дар бораи авоқиби эъмоли таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон гуфт: Ҳазфи Эрон аз аз бозори ҷаҳонии нафт метавонад қиммати онро ба болои 100 доллар ба изои ҳар бушка бирасонад.

Вай афзуд: Аммо дар воқеъ амалан имкони ҳазфи Эрон аз ин бозор вуҷуд надорад.

Урашкин таъкид кард, ки мавзеи усулии Русия, ҳифзи ҳамаи содиркунандаҳо дар бозори нафт аст.