Октябр 18, 2018 13:44 Asia/Dushanbe
  • Якҷонибагароии Трамп хатаре барои ҷомеаи ҷаҳонӣ

Намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаддиақал барои дифоъ аз ҳайсияти худ муқобили қонуншикании Амрико биистад.

Ғуломалии Хушрӯ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Идрис Ҷазоирӣ, гузоришгари вижаи Шӯрои ҳуқуқи башар ва иқдомоти қаҳрии якҷонибаи Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошт: Амрико худ узви Шӯрои амният аст, аммо аз дигар аъзо мехоҳад ба қатъномаи Шӯрои амният амал накунанд.

Бо вуруди Трамп ба арсаи сиёсат дар Амрико, рӯйкарди якҷонибагароии зӯргӯёна дар дастури кори ин кишвар қарор гирифтааст ва умдатан кишварҳои мустақилро ҳадаф қарор медиҳад. Ин сиёсат илова бар ин ки нишон аз хусумати Амрико бо кишварҳои мустақил дорад, хатаре барои чандҷонибагароӣ дар низоми байналмилал аст.

Қонунгурезӣ ва қонуншикании Трамп моҳияти ҳуқуқи байналмилалро зери суол бурдааст ва дар ин миён “таҳдид” ба абзоре барои пешбурди сиёсати Амрико табдил шудааст. Барои мисол, Амрико пас аз хуруҷ аз БарҶом дар ҳаштуми моҳи майи 2018, дигар кишварҳоро таҳдид кардааст бо Эрон ҳамкорӣ ва мубодилоти иқтисодӣ надошта бошанд. Ин рӯйкарди таҳоҷумии давлати Трамп дар ҳоле пайгирӣ мешавад, ки БарҶом мавриди таъйиди Қатъномаи 2231 –и Шӯрои амнияти СММ қарор гирифта ва чунин рӯйкарде нақзи ин қатъномаи байналмилалӣ аст.

Агарчӣ сиёсати Трамп ҳам дар дохили Амрико ва ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ бо вокуниш ва мухолифат рӯбарӯ шудааст, аммо иқдомоте ҷидитар аз сӯйи ниҳодҳои байналмилалии вобаста ба Созмони Милал, аз ҷумла Шӯрои ҳуқуқи башар интизор меравад то дар баробари қонуншикании Амрико аз рисолат ва ҳайсияти худ дифоъ кунанд.

Ҳуқуқи байналмилал ва ҳокимияти қонун, мабнои сиёсати ҷаҳонӣ буда ва бетаваҷҷуҳӣ ба ин ду асл ба хатар афтодани назми кунунӣ аст ва нишон аз ҳаракат ба самти ҳарҷу марҷ дорад.

Исрори давлати Трамп дар пайгирии сиёсати якҷонибагароӣ албатта бевокуниш набудааст, аммо иқдомоти амалӣ ва ҷидитари кишварҳо ва созмонҳои ҳуқуқиро беш аз пеш металабад.

Албатта ин сиёсати давлати Трамп то ҳудуде инзивои сиёсии Амрикоро ба дунбол доштааст. Тамасхури Трамп ҳангоми суханронӣ дар нишасти солонаи Маҷмаи умумии СММ ва сипас ҳамроҳ нашудани 14 узви Шӯрои амният дар нишасти ин шӯро ба раёсати Трамп барои радди БарҶом, нишонаҳои хубе дар “на” - рӯйкарди якҷонибагароии Амрикост.

Мавзеъгирӣ дар тард (рад) -и сиёсатҳои давлати Трамп, илова бар ин ки Амрикоро дар масири инзиво қарор дода, дар дохили ин кишвар ҳам чашмандози мубҳаме барои сиёсат ба армуғон овардааст.

Дар ин замина “Петрик Дилер” дар нашрия амрикоии “Ҳофингтон пост” навишт: “Он чӣ мусаллам аст, имрӯз Амрико сархӯрдашуда ва аз ҳар сӯ таҳти фишор аст. Дар чунин шароите агар баданаи сиёсати ин кишвар тармим наёбад, эҳтимоли вуқӯи ҳар чизе имконпазир хоҳад буд”.

Дар арсаи хориҷӣ ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳатӣ ҳозир нест бо давлати кунунии Амрико ҳамроҳӣ кунад ва манофеи худро дар чандҷонибагароӣ ҷустуҷӯ мекунад. Мавзеъгирии Иттиҳоди Аврупо дар дифоъ аз БарҶом ва талош барои эҷоди созукори вижаи молӣ бо ҳадафи бақои БарҶом, озмуне барои истиқлоли амали воқеии аврупоиҳо дар баробари Амрикост. Иҷрои ин амри муҳим истодагӣ дар баробари қонуншикании Амрикост ва нишонаи хубе барои дифоъ аз рисолати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари якҷонибагароии вайронгари Амрикост.

 

Барчасп