Октябр 18, 2018 16:25 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани яке аз аъзои гурӯҳи террори Хошуқҷӣ

Рӯзномаи “Яни Шафақ”-и Туркия эълом кард, Машъал Саъд Ал Бастонӣ, яке аз аъзои гурӯҳи 15 нафараи террор, ки барои қатли Хошуқҷӣ ба Истамбул эъзом шуда буд, дар як тасодуф(садамаи нақлиёт)-и сохтагӣ кушта шуд.

Рӯзномаи “Яни Шафақ”-и Туркия навишт, Ал Бастонии 31 сола, ки бо дараҷаи лейтенант дар нерӯи ҳавоии подшоҳии Арабистон ба унвони халабон машғули хидмат буд, бо марге машкук, бахше аз асрори нопадид шудани Хошуқҷиро бо худ дафн кард.

“Яни Шафақ” ҳадаф аз тасодуфи ронандагии машкук дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистонро, ки мунҷар ба марги Ал Бастонӣ шуд, сокит кардан ва аз миёни бардоштани шоҳидони қатли Хошуқҷӣ унвон кард.

Ба гузориши “Яни Шафақ”, Ал Бастонӣ яке аз аъзои гурӯҳи 15 нафараи эъзомӣ аз Арабистони Саудӣ буд, ки дар рӯзи 2 октябр бо як ҳавопаймои ихтисосӣ ба Истамбул омаданд ва пас аз ҳузури онҳо дар консулгарӣ, Ҷамол Хошуқҷӣ нопадид шуд.

Ин рӯзнома менависад, Ал Бастонӣ ба бинои консулгарии Арабистон нарфта ва танҳо чанд соат пас аз ҳузур дар Wyndham Grand Hotel, Истамбулро тарк карда буд.

Хошуқҷӣ дуввуми октябр пас аз вуруд ба бино консулгарии Арабистон дар Истамбул, нопадид шуд ва мақомҳои ғайрирасмии Туркия эълом карданд, ки вай дар дохили бино ба дастури мақомҳои Саудӣ ба қатл расидааст.

Мадорик ва шавоҳиди матраҳ шуда дар расонаҳои Туркия нишон медиҳад, ки наздикони Муҳаммад ибни Салмон, ки аз тарафи ӯ ба Истамбул эъзом шуда буданд, омили қатли Хошуқҷӣ ҳастанд ва иддаои Оли Сауд дар қатли ин рӯзноманигор дурӯғ аст.

Дар се рӯзи ахир пулиси Туркия бинои консулгарии Арабистон дар Истамбул ва иқоматгоҳи Муҳаммад Ал Атибӣ, сарконсули ин кишварро барои мушаххас шудани сарнавишти Хошуқҷӣ ба сурати тахассусӣ ва фаннӣ тафтиш ва бозрасӣ кард.

Пулиси Туркия ҳанӯз натиҷаи баррасиҳои коршиносӣ ва тахассусии худро эълом накардааст.