Афзоиши қимати иҷозатномаи кор барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Сибири Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38854-Афзоиши_қимати_иҷозатномаи_кор_барои_коргарони_муҳоҷири_хориҷӣ_дар_Сибири_Русия
Намояндагони маҷлиси вилояти Красноярск, дар минтақаи Сибири Русия тарҳи афзоиши қимати дарёфти иҷозатномаи кор барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро тасвиб карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 20, 2018 09:47 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати иҷозатномаи кор барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Сибири Русия

Намояндагони маҷлиси вилояти Красноярск, дар минтақаи Сибири Русия тарҳи афзоиши қимати дарёфти иҷозатномаи кор барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро тасвиб карданд.

Ба гузориши сомонаи “Мигрант нюс”, бар ин асос қимати иҷозатномаи моҳонаи кор барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар қаламрави ин вилоят аз рӯзи аввали январи соли 2019 ба 3 ҳазору 778 рубл хоҳад расид.

Бахши умдаи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ва ӯзбакистонӣ дар вилояти Красноярск дар сохтмонсозӣ (46 дарсад), саноеи табдилӣ (16 дарсад), истихроҷи маъдан, тиҷорат (18 дарсад) ва ҳамлу нақли умумӣ фаъолият мекунанд.

Мақомоти идораи кор ва муҳоҷирати ин вилоят дар 8 моҳи нахусти имсол барои 18 ҳазору 215 нафар аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ муҷаввизи фаъолият содир кардаанд, ки дар муқоиса бо соли қабл 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин идораи интизомии вилояти Красноярск тайи ин муддат беш аз ҳазор коргари муҳоҷири хориҷии ғайриқонунӣ дар бахши сохтмонсозиро шиносоӣ ва бо ҳукми додгоҳ аз қаламрави Русия ихроҷ кардаанд. Илова бар ҳукми ихроҷи ин афрод, аз онон ба маблағи беш аз 65 миллион рубл ҷаримаи молӣ ба иттиҳоми ҳузури ғайриқонунӣ дар қаламрави ин минтақа дарёфт шудааст.

Коргарони муҳоҷири Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба далели узвият надоштани кишварҳояшон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё муваззаф ба пардохти малбағи моҳонаи дарёфти муҷаввизи кор дар Русия ҳастанд, ки қимати он дар манотиқи мухталифи ин кишвар аз ҳам тафовут дорад.