Октябр 20, 2018 11:03 Asia/Dushanbe
  • Таркиш дар наздики як маркази гирифтани раъй дар Афғонистон

Манобеъи афғон аз вуқуъи таркиши бомб дар наздикии як маркази гирифтани раъй дар шаҳри Чарикар маркази вилояти Парвони Афғонистон хабар доданд.

Ба нақл аз манобеъи афғон, ҳануз аз талафот ва хисоратҳои эҳтимолии ин таркиш гузорише мунташир нашудааст.

Интихоботи Маҷлиси миллии Афғонистон субҳи имрӯз (шанбе) оғоз шудааст.

Дар ин интихобот беш аз 2500 нафар номзад шуданд ва қарор аст аз миёни онҳо 250 нафар роҳии маҷлиси ояндаи ин кишвар шаванд.