Октябр 20, 2018 17:30 Asia/Dushanbe
  • Афви Байналмилал: Таҳқиқоти Арабистон дар бораи Хошуқҷӣ машкук аст

Раиси бахши ҷиноёти ҷангӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Афви Байналмилал, таҳқиқоти ҳукумати Саудӣ дар бораи қатли Хошуқҷиро ғайри қобили эътимод донист.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар пайи эътирофи ҳукумати Саудӣ ба кушта шудани Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии ин кишвар дар Истамбул, Ровия Роҷеҳ, масъули таҳқиқи ҷиноёти ҷангӣ ва ҳуқуқи башари Созмони афви байналмилал дар сафҳаи “Твиттер”-и худ навишт, таҳқиқоти суратгирифта аз сӯи Арабистони Саудӣ, маҳалли шаку тардид аст ва ҷои савол дорад.

Ӯ дар сафҳаи “Твиттер”-и худ навишт, Созмони афви байналмилал дар Лондон ба ҳамроҳи дигар созмонҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти бетарафона ва мустақили Созмони милалро хостор ҳастанд.

Ин мақоми Созмони афви байналмилал таъкид кард, ки бояд таҳқиқоти мустақил ба дӯр аз эъмоли назари ҳокимоне бошад, ки эҳтимол дорад дар ин қатл даст дошта бошанд; Ба хусус пас аз ин ки ҳамин ҳокимон беш аз ду ҳафта ҳақоиқро инкор мекарданд.

Эътирофи ҳукумати Саудӣ ба қатли Ҷамол Хошуқҷӣ пас аз 19 рӯз аз нопадид шудани вай дар дохили консулгарии Арабистон дар Истамбул сурат гирифт.

Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат, сарони Саудӣ исрор доштанд, ки Хошуқҷӣ аз консулгарӣ хориҷ шудааст.