Октябр 21, 2018 17:27 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи Амрико аз муоҳидаи ҳастаӣ бо Русия

Трамп эълом кард, Амрико аз муоҳидаи силоҳҳои ҳастаии миёнбурд бо Русия хориҷ хоҳад шуд.

Доналд Трамп эълом кард, Амрико аз муоҳидаи марбут ба силоҳҳои ҳастаӣ, ки дар даврони ҷанги сард бо Русия имзо кардааст, хориҷ хоҳад шуд.  

Трамп ҳамчунин Маскавро муттаҳам кард , ки аз солҳо пеш ин муоҳидаро нақз кардааст.  

Муоҳидаи силоҳҳои ҳастаии миёнбурд байни Амрико ва Русия дар 1987 ба имзои Роналд Рейган, раисҷумҳури вақти Амрико ва Михаил Горбачев, дабири кулли Ҳизби коммунисти вақти Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ расидааст.  

Трамп муддаӣ шуд, Русия муоҳидаро риоят накардааст, бинобарин мо ба ин тавофуқнома поён ва ин силоҳҳоро тавсеа хоҳем дод.

Давлати Амрико ба иқдоми Маскав барои истиқрори сомонаи мушакии 9М 729 интиқод дорад, ки ба иддаои Вашингтон бурди он аз 500 километр бештар аст ва ин яке аз мавориди нақзи муоҳидаи силоҳҳои ҳастаии миёнбурд аст.