Октябр 21, 2018 20:27 Asia/Dushanbe

Ҳудуди 350 маркази интихоботӣ ба далели мушкилот ва таҳдидҳои амниятӣ дар муддати баргузории интихоботи дурӯзаи Маҷлиси намояндагони Афғонистон ба рӯи мардум боз нашуд.

Забеҳуллоҳи Содот, аз сухангуёни Комиссияи интихоботи Афғонистон эълом кард: Қарор буд, дар рӯзи дувуми интихобот, 401 маркази интихоботӣ дар устонҳои мухталифи Афғонистон ба рӯи раъйдиҳандагон боз шавад, аммо имрӯз фақат 253 марказ боз шуд ва ҳудуди 150 маркази дигар ба далели набуди итминон аз таъмини амнияти ин марокиз баста монд.

Ҳамчунин қарор буд, рӯзи шанбе 5100 маркази интихоботӣ дар саросари Афғонистон боз шавад, аммо 200 маркази он дар рӯзи аввали интихоботи маҷлис ба далели таҳдидҳои амниятӣ боз нашуд.  

Комиссияи интихоботи Афғонистон пеш аз ин эълом карда буд: Дар 10 шаҳристони Афғонистон имкони баргузории интихоботи маҷлис вуҷуд надорад.