Октябр 22, 2018 10:48 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Натоиҷи парвандаи Хошуқчӣ сешанбе эълом мешавад

Раисҷумҳури Туркия гуфт: Сешанбе натоиҷи таҳқиқоти парвандаи Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори мунтақиди арабистониро эълом хоҳад кард.  

Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт: Сешанбеи оянда ҳамаи натоиҷи таҳқиқоти парвандаи қатли Ҷамол Хошуқчӣ ва низ ҷузъиёти вуруди тими 15 нафараи Саудӣ ба Истанбул ва боздошти 18 нафар дар Риёзро эълом хоҳад кард.  

Се кишвари аврупоии Англия, Фаронса ва Олмон низ якшанбе бо судури баёнияе қатли Ҷамол Хошуқчиро ба шиддат маҳкум ва таъкид карданд, ки ҳеҷ баҳонае наметавонад куштани ин рӯзноманигорро тавҷеҳ кунад.

Арабистони Саудӣ бомдоди шанбе ба кушта шудани Ҷамол Хошуқчӣ дар сохтмони консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул эътироф ва иддао кард, вай баъд аз вуқуи як даргирӣ дохили ин сохтмон кушта шудааст.