Октябр 22, 2018 11:12 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши русҳо ба хуруҷи эҳтимолии Амрико аз паймони ҳастаии миёнбурд

Сафир ва муовини намояндагии Русия дар Созмони милал аз тасмими Амрико мабнӣ бар хуруҷи якҷониба аз паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд интиқод кард.

Дмитрий Полянский хуруҷи эҳтимолии Амрико аз паймони мушакҳои ҳастаии миёнбурдро пешбиниипазир, аммо асафнок донист ва гуфт: Бузургтарин бозандаи ин мавзуъ, кишварҳо ва Иттиҳодияи Аврупо хоҳанд буд.  

Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия ҳам изҳороти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мабнӣ бар хуруҷ аз паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурдро таҳрикомез ва таҳдиде хонда буд, ки бо ҳадафи имтиёз гирифтан аз Русия матраҳ шудааст.

Вай афзуд: Маскав дар вокуниш ба хуруҷи якҷонибаи Амрико аз қарордодҳо ва паймонҳои байналмилалӣ, тадобири мутақобилеро пешбинӣ кардааст, ки метавонад низомӣ ҳам бошад.

Михаил Горбачев, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ, ки паймони манъи мушакҳои ҳастаии кӯтоҳ ва миёнбурд бо Амрикоро имзо кардааст, хуруҷи Вашингтон аз ин қарордодро иштибоҳ ва беақлӣ донист.  

Бар асоси ин паймон, мушакҳои миёнбурд аз 1000 то 5500 километр ва кӯтоҳбурди 500 то 1000 километр бояд нобуд шаванд.

 

 

Барчасп