Октябр 22, 2018 19:48 Asia/Dushanbe
  • Шарти Русия барои сафари Путин ба Арабистон

Давлати Русия сафари раисиҷумҳури ин кишвар ба Арабистонро, ба шаффоф шудани моҷарои қатли рӯзноманигори мунтақиди ин режим машрут(шарт гузоштан) кард.

Ба гузориши ИРНА, Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷа ва намояндаи раисиҷумҳури Русия дар умури Ховари Миёна, рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, муқаддамоти сафари Владимир Путин ба Риёз фароҳам шудааст, аммо Маскав дар интизори поёни таҳқиқоти марбут ба марги Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мухолифи давлати Арабистон аст.

Богданов гуфт, бояд дар назар дошт, ки парвандаи марги Хошуқҷӣ сарусадои зиёде ба по кардааст, бино бар ин бояд дар интизори поён ёфтани таҳқиқоти ин парванда буд.

Кермл пеш аз сафари путин ба Арабистон дар ояндаи наздик, хабар дода буд.

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ, рӯзи 2 октябр пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия, нопадид шуд ва чанд рӯз баъд, расонаҳо аз қатли вай хабар доданд.

Режими Саудӣ рӯзи шанбе саранҷом баъд аз 18 рӯз, марги Хошуқҷиро дар дохили консулгарии Истамбул таъйид кард, аммо муддаӣ шуд, ки вай бар асари даргирӣ бо як нафар кушта шудааст.

Бисёре аз мақомоти кишварҳо ва маҷомеи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Афви Байналмилал, ин иддаои Риёзро боварнопазир тавсиф кардаанд.