Октябр 22, 2018 21:14 Asia/Dushanbe
  • Натоиҷи ибтидоии интихоботи парлумонии Афғонистон ба зудӣ эълом мешавад

Раиси Комиссияи интихоботи Афғонистон гуфт, натоиҷи ибтидоии интихоботи парлумонии ин кишвар ба зудӣ эълом хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Ово, Абдулбадеъ Сайёд рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ҳар кас, ки аз тахаллуфоти интихобот санад дорад, санади ӯ баррасӣ хоҳад шуд ва кумитаи вижа дар бораи он тасмим хоҳад гирифт.

Вай ҳамчунин дар бораи мизони мушорикати мардум дар интихоботи парлумонии Афғонистон гуфт, Зобул ва Форёб аз ҷумлаи вилоятҳое ҳастанд, ки камтарин шумори раъйдиҳандаро доштаанд.

Абдулбадеъ Сайёд инро низ гуфт, ки аз маҷмӯи 253 маркази раъйгирӣ, ки мебоист дар рӯзи дуввуми интихобот боз мешуданд, танҳо 76 марказ ба далели таҳдидҳои амниятӣ боз буд.

Сайёд сипас ба интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ишора кард ва гуфт, ин интихобот дар мавъиди муқарар дар авоили апрели соли 2019 дар саросари кишвар баргузор мешавад.

Интихоботи парлумонии Афғонистон шанбе ва якшанбе дар саросари ин кишвар ба ҷуз вилоёти Ғазнӣ ва Қандаҳор баргузор шуд.