Октябр 23, 2018 17:33 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Қатли Хошуқчӣ аз пеш барномарезишуда буд

Раисҷумҳури Туркия дар парлумони ин кишвар таъкид кард, бархилофи бархе гамоназаниҳо, қатли Хошуқчӣ аз пеш барномарезишуда буд.  

Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт: Тамоми касоне, ки ҳангоми вуруди ин рӯзноманигори Саудӣ дар консулгарии Арабистон дар Истанбул ҳузур доштанд, масъули ин қатл ҳастанд.

Вай афзуд: Хошуқчӣ ба тарзи фаҷее ба дасти аносури амниятӣ ва иттилоотии Арабистон кушта шуда ва намешавад, ин қатлро ба гурӯҳҳои худсар нисбат дод.

Раисҷумҳури Туркия гуфт, подшоҳи Арабистон дар тамоси телефонӣ бо ӯ тайид кардааст, ки 18 нафар аз атбои Саудӣ дар иртибот бо парвандаи қатли Хошуқчӣ боздошт шудаанд.

Эрдуғон гуфт, шахсан нисбат ба садоқати Малик Салмон шакке надорад, аммо бо ин ҳол раисҷумҳури Туркия дар бораи ривояти ҷадиди Арабистон аз моҷарои қатли Хошуқчӣ бо тарҳи саволоте ибрози тардид кард.  

Вай гуфт: Муттаҳам кардани чанд омили амниятӣ ва иттилоотии Саудӣ дар моҷарои муҳими қатли Хошуқчӣ, қобили қабул нест ва бархилофи иддаои Арабистон, қатли Хошуқчӣ сирфан ба хотири як мушоҷира набудааст.

Эрдуғон гуфт: Замоне, ки бо талоши Туркия парда аз ҷузъиёти парвандаи қатли рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ бардошта шуд, тағйири мавзеи Арабистон оғоз шуд.