Паёмадҳои нафратпарокании Трамп дар ҷомеаи Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38987-Паёмадҳои_нафратпарокании_Трамп_дар_ҷомеаи_Амрико
Амрико аз ирсоли бастаҳои инфиҷорӣ барои баландпоятарин сарони Ҳизби демократ дар нигаронӣ ва ҳайрат ба сар мебарад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 25, 2018 14:34 Asia/Dushanbe
  • Паёмадҳои нафратпарокании Трамп дар ҷомеаи Амрико

Амрико аз ирсоли бастаҳои инфиҷорӣ барои баландпоятарин сарони Ҳизби демократ дар нигаронӣ ва ҳайрат ба сар мебарад.

Тайи 48 соат, бастаҳои инфиҷорӣ барои ду раиси ҷумҳурии пешин, муовини раисҷумҳурии пешин, вазири умури хориҷаи пешин, раиси пешини созмони СИА ва ҳаддиақал як узви кунунии конгресс ирсол шудааст, ки ҳамагӣ узви Ҳизби демократ ҳастанд. Ҳамчунин Ҷорҷ Сорос ва шабакаи Си Эн Эн низ ба унвони ҳомиёни молӣ ва расонаии Ҳизби демократ, чунин бастаҳое дарёфт карданд. Ин иттифоқи бесобиқа дар Амрико дар ҳоле рух медиҳад, ки камтар аз ду ҳафтаи дигар интихоботи миёндавраии конгрес баргузор мешавад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ҳафтаҳои ахир ба баҳонаи ҳимоят аз номзадҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳ, бесобиқатарин таҳдидҳо ва ҳамалоти лафзиро мутаваҷҷеҳи Ҳизби демократ кард. Вай ин ҳизбро хоин ба кишвар, ҳомии ҷинояткорон, душмани миллат ва тарафдори сотсиализм муаррифӣ кард, ки агар ба қудрат бирасад, дарҳои Амрикоро рӯйи ҷинояткорон боз ва ин кишварро ба Венесуэла табдил хоҳад кард. Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин аз тавҳин ба Ҳизби демократ фаротар рафт ва дар иқдоме бесобиқа алайҳи раъйдиҳандагони амрикоӣ гуфт: «ҳар касе, ки ба як демократ раъй диҳад, воқеан бояд девона бошад».

Ин дар ҳоле аст, ки дар интихоботи Амрико ҳамвора чанд миллион шаҳрванд ба номзадҳои Ҳизби демократ раъй медиҳанд.

Албатта дар интихоботи гузаштаи Амрико низ сарони ду Ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ талош мекарданд бо ҳамалоти лафзӣ ба рақиб, шонси пирӯзии номзадҳои ҳамҳизбиро афзоиш диҳанд. Бо ин ҳол, аз соли 2016, ки Трамп ба якбора дар рақобатҳои интихоботӣ зуҳур кард, нафратпароканӣ ба шакли бисёр ошкортаре дар таҷаммӯоти интихоботӣ намоён шуд.

 Дар он сол, бархе аз ҳомиёни Трамп дар таҷаммӯоти интихоботӣ, аз “саломи ҳитлерӣ”, ки арзиши намодин назди неонозиҳо дорад, истифода карданд. Имсол низ Трамп на дар мақоми як номзади раёсати ҷумҳурӣ, балки ба унвони раисҷумҳур дар Твиттер навишт: “Ҳизби демократ имрӯз бештар аз он ки аз мардуми Амрико муҳофизат кунад аз бегонагони ҷинояткор муҳофизат мекунад. Ба ҳамин иллат аст, ки демократҳо бояд аз маносиби қудрат дур бимонанд! ба ҷумҳурихоҳон раъй диҳед”.

Бо таваҷҷуҳ ба авҷгирии фазои дуқутбӣ ва тарс аз бозгашти демократҳо ба қудрат, сарони ин ҳизб дар остонаи интихоботи миёндавраӣ ҳадафи ҳамалоте қарор гирифтаанд, ки Бил де Бласио, шаҳрдори Ню-Йорк онро террористӣ хондааст.

Албатта Кохи Сафед ва раисҷумҳури Амрико талош барои ҳамла ба шахсиятҳои сиёсӣ ва расонаҳоро қавиян маҳкум кардаанд. Трамп ҳамчунин ҳифзи ваҳдатро дар чунин рӯзҳое хостор шудааст. Бо ин ҳол, изҳороти чанд ҳафтаи гузаштаи раисҷумҳури Амрико дар нафратпароканӣ ва тазриқи тарс ба ҷомеа, даъвати вай аз мардум барои ҳифзи ваҳдатро камранг мекунад.