Ҳушдори СММ дар бораи идомаи наслкушии мусулмонони Роҳингиё
(last modified Thu, 25 Oct 2018 13:50:38 GMT )
Октябр 25, 2018 18:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори СММ дар бораи идомаи наслкушии мусулмонони Роҳингиё

Раиси бозрасони вижа ва гуроҳи ҳақиқатёби Созмони Милали Муттаҳид дар Миёнмор, дар бораи идомаи наслкушии мусулмони Роҳингиё дар ин кишвар ҳушдор дод.

Ба гузориши ИРНА, Darusman Marzuki бо ироаи гузорише эълом кард, наслкуши алайҳи ақаллияти мусулмони Роҳингиё дар иёлати Рохин дар ғарби Миёнмор ҳамчунон идома дорад.

Вай дар гузориши худ ба Шорои амнияти Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард, дар Миёнмор фаротар аз куштори ҷамъӣ алайҳи роҳингёиҳо иттифоқоти талхи дигаре, аз ҷумла пешгирӣ аз таваллуди навзодони онҳо ва ҷо ба ҷоиҳои васеъи оворагон дар урдугоҳҳо дар ҳоли вуқоъ аст.

Дар мавҷи ҷадиди ҳамалоти саркобгарона ва таҷовузкоронаи артиши Миёнмор, алайҳи мусулмонони Роҳингиё дар устони Рохини Миёнмор аз 25 августи 2017 токунун, беш аз шаш ҳазор нафар кушта ва ҳашт ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

Беш аз як миллион нафар аз мусулмонони Роҳингиё низ ба фирор ба Бангладеш маҷбор шудаанд.

Устони рохин аз соли 2012 саҳнаи ҳамалоти артиши Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ алайҳи мусулмонони Роҳингё аст.

Созмони Милали Муттаҳид эълом карда, ки артиши Миёнмор ба думбол «поксозии қавмӣ» дар ин кишвар аст.