Октябр 26, 2018 16:27 Asia/Dushanbe
  • Раиси пешини Сандуқи байналамиллии пул ба зиндон афтод

Раиси пешини Сандуқи байналмилалии пул бо ҳукми Девони олии додгустарии Испания ва ба ҷурми қаллобӣ барои чаҳоруним сол равонаи зиндон шуд.

Ба гузориши Рейтер, гуноҳи Родриго Рато таҳрифи иттилооти бонкӣ бо ҳадафи қаллобӣ ва пардохти ҳазинаҳои шахсӣ бо истифода аз кортҳои эътибории қарзгирандагон аст.

Ин расвоӣ бо сӯиистфода аз кортҳои эътибории мавсум ба «кортҳои эътибории сиёҳ» дар замони раёсати Рато бар бонки Кохо Мадрид шурӯъ шуда буд ва сипас бо раёсати ӯ бар бонки испанияии Банкиё, ба ин муассисаи молӣ низ роҳ ёфт.

Родриго Рато дар муддати замони раёсати худ бар банкҳои Кохо Мадрид ва Банкиё, шабакае барои қаллобӣ дуруст карда буд.

Дар ин шабака беш аз 60 корманди баландпоя аз кортҳои эътибории ширкатҳо барои ҳазинаҳои шахсӣ, ҳамчун хариди либосҳои гаронқимат, ҷавоҳирот ё сафарҳои муҷаллал, истифода мекардаанд.

Ин гурӯҳи 60-нафара дар маҷмӯъ 12.5 миллион евро ба сурати ғайриқонунӣ бардошт кардаанд, ки ин пул дар ҳақиқат аз хазонаи давлати Испания бардошт шудааст.