Октябр 28, 2018 11:54 Asia/Dushanbe
  • Талафоти ҳазорон нафар бар асари се зилзила дар Индонезия

Созмони мудирияти фоҷиаҳои миллии Индонезия мизони талафот бар асари се зилзилаи пурқудрат дар ин кишварро ҳазорон нафар баровард кард.

Ба гузориш ИРНА, Созмони мудирияти фоҷиаҳои миллии Индонезия рӯзи якшанбе бо интишори гузорише ҳамчунин мизони хисороти зилзилаҳои пурқудрат дар се ҷазираи Сулавеси, Сумбава ва Ломбок дар як моҳи ахир бар иқтисоди ин кишвари ҷанубу шарқи Осиёро беш аз 2.7 миллиард доллар арзёбӣ кард.

Тибқи ин гузориш, илова бар ин даҳҳо ҳазор нафар низ бехонумон шудаанд.

Индонезия бо беш аз 17 ҳазор ҷазира дар камарбанди оташ ва зилзила дар Уқёнуси Ором воқеъ шуда, ки вуқӯи ҳодисаҳои табиии зиёд, монанди зилзила, оташфишон ва сунами ҳарсола шумори зиёде қурбонӣ ва хисороти бисёр бар ҷой мегузорад.