Рӯзномаи испанияӣ: Моҷарои Хошуқҷӣ, баёнгари заволи ахлоқии Кохи Сафед аст
Як рӯзномаи испанияӣ, рӯйкарди Трампро дар баробари қатли рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ, нишонаи заволи ахлоқии Кохи Сафед донист.
Ба гузориши рӯзномаи El País навишт, қатли Ҷамол Хошуқҷӣ натанҳо ваҳшигарии шинохташудаи Арабистонро нишон медиҳад, балки баёнгари гӯёи ин воқеият низ аст, ки Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дифоъ аз озодиро канор гузоштааст.
Ин рӯзномаи испанияӣ афзуд, аз замони расидани Трамп ба раёсати ҷумҳурии Амрико, стандартҳои ахлоқӣ ва иқдоми сиёсии ин кишвар дар баробари масоили ҳуқуқи башарӣ ба шиддат коҳиш ёфтааст ва иқдомҳои Трамп фақат инъикоси воқеии занситезӣ, нажодпарастӣ, таҳқир ва ҷаҳолати ваҳшатноки ӯ ҳастанд.
Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ, 2 октябр пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия нопадид шуд ва чанд рӯз баъд, расонаҳо аз қатли вай хабар доданд.
Режими Саудӣ саранҷом баъд аз 18 рӯз, марги Хошуқҷиро дар дохили консулгарӣ таъйид кард.
Раиси ҷумҳурии Амрико аз қатли ин рӯзноманигор ва рафтори Риёз дар пӯшондани он ибрози норизоӣ карда, аммо ҳозир нашудааст фурӯши силоҳ ба саудиҳоро мутаваққиф кунад.