Майкел Ди. Ҳиггинз барои дуввуминбор раиси ҷумҳури Ирландия шуд
(last modified 2018-10-28T07:24:05+00:00 )
Октябр 28, 2018 12:24 Asia/Dushanbe
  • Майкел Ди. Ҳиггинз  барои дуввуминбор раиси ҷумҳури Ирландия шуд

Майкел Ди. Ҳиггинз раиси ҷумҳури кунунии Ҷумҳурии Ирландия бори дигар дар интихоботи раёсат ҷумҳурии ин кишвар ба пирӯзӣ расид.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, интихоботи раёсат ҷумҳурии Ирландия рӯзи ҷумъа баргузор шуд.

Рӯзномаи Индипенденти Ирландия шанбе шаб, мизони мушорикат дар ин интихоботро камтар аз 45 дарсад эълом кард.

Бар асоси натиҷаҳои эъломшуда, Ҳиггинзи 77 сола, 55.8 дарсади раъйҳоро аз они худ кардааст.

Панҷ кондидои дигар дар ин интихобот бо Майкел Ди. Ҳиггинз барои касби курсии раёсат ҷумҳурии Ирландия рақобат мекарданд.

Ҷумҳурии Ирландия ҳудуди 4 миллиону 700 ҳазор нафар ҷамъият дорад ва дорои низоми парлумонӣ аст. Раиси ҷумҳур, ки раиси давлат аст барои як давраи 7 сола интихоб мешавад.

Раиси ҷумҳури Ирландия метавонад барои ду давраи пайваста интихоб гардад.