Октябр 28, 2018 18:01 Asia/Dushanbe
  • Албародиӣ: Чаро метавонем бо Исроил музокира кунем бо Эрон на?!

Муҳаммад Албародиӣ, дабири кулли пешини Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ дар интиқод аз амалкарди бархе сарони кишварҳои исломӣ ва арабӣ дар саҳифаи Твиттери худ навишт: Чаро метавонем бо Исроил даври мизи музокира бинишинем, аммо наметавонем бо Туркия ё Эрон гуфтугӯ кунем?!

Муҳаммад Албародиӣ навиштааст: Метавонем бо Исроил, ки сарзамини мардуми Фаластинро чандин даҳа ишғол кардааст, даври мизи музокира бинишинем , аммо наметавонем бо Туркия ё Эрон гуфтугӯ кунем?!

Вай меафзояд: Метавонем ҳалли масоиламонро ба абарқудратҳо бисупорем, аммо наметавонем бо бародаронамон иртиботи мутақобил дошта бошем! Дар хати машии мо як нақс вуҷуд дорад ва натоиҷи вайронгар дар минтақа бар ин амр гувоҳӣ медиҳад.

Муҳаммад Албародиӣ, дипломат ва сиёсатмадори мисрӣ, дорандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар 2005 аст, ки солҳои 1997 то 2009 мудири кулли пешини Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ буд.