Кашмакаши Туркия ва Арабистон бар сари парвандаи Хошуқчӣ
Раисҷумҳури Туркия гуфт: Агар Арабистон ба ҳалли парвандаи Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ тамоюле надорад, Туркия раванди ҳуқуқии ин парвандаро оғоз мекунад.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон таъкид кард: Туркия идомаи кӯтоҳии Арабистон барои пардохтан ба раванди ҳуқуқии парвандаи қатли Ҷамол Хошуқчиро намепазирад ва низоми қазоии худро дар ин замина вориди амал хоҳад кард.
Вай тасреҳ кард: Ҷамол Хошуқчӣ дар Истамбул ба қатл расида ва Туркия омодаи пардохтан ба парвандаи ин қатл аст.
Режими Саудӣ пас аз гузашти се ҳафта, 20 октябр бо ироаи ривояте ноқис, қатли Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори Вашингтон Пост дар консулгарии Арабистон дар Истанбулро иттифоқӣ хонд.
Изҳороти мақомоти режими Оли Сауд дар ҳолест, ки ҷасади Ҷамол Хошуқчӣ, токунун пайдо нашудааст.