Суқути ҳавопаймои мусофирбари Индонезия бо беш аз 180 мусофир
Индонезия аз суқути як ҳавопаймои мусофирбари хутути худ дар баҳр хабар дод ва эълом кард, ки беш аз 180 мусофир доштааст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ожонси ҷустуҷӯ ва наҷоти Индонезия имрӯз аз суқути як ҳавопаймои “Боинг”-и хутути худ хабар дод. Бар асоси ин гузориш, парвози шумораи JT610, мутааллиқ ба ширкати «Лайн эйр» сездаҳ дақиқа пас аз парвоз аз Ҷакарта ба мақсади Пангкалпинанг дар муқобили савоҳили ҷазираи Суматра, дар баҳр суқут кардааст. Ин ҳавопаймо бо 188 мусофир соати 6:20, ба вақти маҳаллӣ парвози худро оғоз кард ва қарор буд, соати 7:20 ба мақсад бирасад, аммо танҳо 13 дақиқа пас аз бархостани ҳавопаймо иртиботи он бо радар қатъ шуд. Юсуф Латиф, сухангӯи ин ожонси ҳавопаймоӣ таъйид карда, ки ҳавопаймо дар умқи сӣ то чиҳилметрӣ муталошӣ шудааст ва амалиёти ҷустуҷӯ ҳанӯз идома дорад.
Тибқи гузоришҳои хабарӣ, миқдоре аз бақоёи ҳавопаймо дар сатҳи дарё пайдо шудааст.
Гуфта мешавад, дар миёни мусофирон як кӯдак ва ду навзод низ будааст.