Октябр 29, 2018 19:00 Asia/Dushanbe
  • Консерти муштараки устодони мусиқии Эрон ва Тоҷикистон дар Лондон

Консерти муштараки устоди Шаҳроми Нозирӣ ва устод Давлатманд Холов ду устоди бузурги мусиқии эронӣ ва тоҷик, 24 феврал и2019 дар Лондон баргузор мешавад.

Ин консерти муштарак, “забони ишқ” ном дорад ва рӯзи 24 феврали 2019 дар толори Барбикани Лондон баргузор хоҳад шуд.

Билетфурӯшии ин кансерт аз 9 ноябри имсол оғоз мешавад.

Устод Шаҳроми Нозирӣ, аз маъруфтарин ва бузургтарин чеҳраҳои мусиқии классик ва мақомии Эрон аст.

Устод Давлатманд Холов низ машҳуртарин чеҳраи мусиқии маҳаллии ҷануби Тоҷикистон, фалак аст.

Ӯ, ки шашмақомро дар консерваторияи мусиқии Душанбе омӯхтааст, дар навохтани дутор, қичак ва сетор, ки аз созҳои машҳури ин минтақа ҳастанд машҳур аст.

Оҳангҳо ва овозҳои ӯ ҳолати сӯфиёна доранд ва бисёре аз онҳо бар асоси ашъор Мавлавӣ танзим шудаанд.

Чанд албом аз гузидаи корҳои устод Холов дар Эрон мунташир шудааст.

Вай дар солҳои ахир ҳамроҳ бо мусиқисозони эронӣ ё ба сурати инфиродӣ, дар Эрон консерт баргузор кардааст.