Октябр 31, 2018 13:33 Asia/Dushanbe

Қутби Ҷануб дар тасаввури бисёре аз мардуми ҷаҳон кӯҳҳои яхӣ ва барфӣ бо пингвинҳои шӯх аст, аммо акнун ин минтақа ба арсаи рақобати кишварҳои мухталифи ҷаҳон табдил шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Қутби Ҷануб сардтарин нуқтаи курраи Замин бо пӯшиши комилан яхӣ ва панҷумин қораи бузурги Замин пас аз Осиё, Африқо, Амрикои Шимолӣ ва Амрикои Ҷанубӣ аст. Аргентина, Австралия, Чилӣ, Фаронса, Зеландияи Нав, Норвегия, Русия, Чин ва Англия кишварҳое ҳастанд, ки дар бахшҳое аз Қутби Ҷануб иддаои арзӣ доранд. Дар миёни ин кишварҳо Австралия, Чин ва Русия дар мавриди ин минтақаи саршор аз манобеи ғании баҳрӣ, маъданӣ ва энержии нафт ва газ иддаои арзӣ доранд ва дар ин қораи яхӣ барои касби манофеи бештар бо якдигар рақобат мекунанд.

Донишмандон муътақиданд, манобеи густурда ва ғании мухталифе чун нуқра, мис, тило, никел, платина, сангоҳан, хром, сурб, кобалд, молбиден, титан, никел, уран ва ғайра бархе аз манобеи баровардшуда дар ин қораи яхӣ ҳастанд. Ин қора ҳамчунин бо бархурдорӣ аз манобеи саршори табиӣ ва энержӣ дорои аҳамияти иқтисодӣ ва стратегӣ аст.

Австралия, ки дар Қутби Ҷануб иддаои арзӣ дорад, дар рақобат бо Чину Русия бузургтарин барномаҳои таҳқиқотӣ ва иктишофии ҷаҳонро дар сардтарин нуқтаи нимкураи ҷанубӣ пайгирӣ мекунад. Ин барномаҳо бузургтарин лоиҳаҳои таҳқиқотии ҷаҳон дар Қутби Ҷанубанд. Чин ва Русия низ дар як даҳаи ахир бештарин лоиҳаҳои таҳқиқотии Қутби Ҷанубро ба худ ихтисос додаанд.