Хатари пирӯзии “Трампи Бразилия” барои ҷангалҳои Амазонка
Коршиносон амалӣ шудани ваъдаҳои раисҷумҳури популисти мунтахаби Бразилияро таҳдиде барои ояндаи ҷангалҳои Амазонка, ки бузургтарин таъминкунандаи оксигени ҷаҳон аст, медонанд.
Федерик Превот, коршиноси масоили стратегии байналмилалӣ дар мақолае барои пойгоҳи интернетии фаронсавии “Boulevard-exterieur” ба баррасии паёмадҳои манфии пирӯзии Ҷайр Болсонаро, номзади ростгароёни ифротӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Бразилия пардохт ва навишт: “Бо пирӯзии Болсонаро арақи сард бар пешонии ҳомиёни ҳуқуқи башар ва муҳити зист нишаст”.
Дар ин мақола ба бархурдории Болсонаро аз пуштибонии лоббии ҳомии моликону заминдорон дар парлумони Бразилия ишора шуда ва омадааст: Ин гурӯҳи фишор дар канори низомиён ва калисо, узви ҷунбиши мавсум ба Би Би Би (Гов, Гулӯла ва Инҷил) ҳастанд. Ҷунбише, ки ҳомии ширкатҳое аст, ки аз маҳалли манобеи табиӣ касби даромад мекунад.
Коршиноси масоили стратегии байналмилалӣ дар бораи нобудии манотиқи густурдае аз ҷангали Амазонка дар сурати амалӣ шудани ваъдаҳои интихоботии раисҷумҳури мунтахаби Бразилия ҳушдор дода ва навиштааст: Популистҳо ва авомгароёни Бразилия тавсеаи кишварро дастовезе барои мухолифат бо ниҳодҳои байналмилалии мудофеи муҳити зист қарор додаанд.
Ҷайр Болсоноро, сиёсатмадори ростгарои ифротии Бразилия рӯзи якшанбе бо касби 55.1 дарсади раъй, пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар шуд.
Болсонаро ба далели додани ваъдаҳои авомфиребона ва мавозеи ифротии мушобеҳи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ба “Трампи Бразилия” маъруф шудааст.