Октябр 31, 2018 21:52 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раиси Ҷамоати исломии Покистон аз давлати Умронхон

Раиси Ҷамоати исломии Покистон бо интиқод аз давлати ин кишвар гуфт, сиёсатҳои давлат бар асоси афзоиши фишор бар мардум таҳия шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Мавлавӣ Сироҷулҳақ дар интиқод аз Умронхон гуфт, вай бо сиёсатҳояш кишварро ба сӯйи низоми рибоӣ ҳидоят кард.

Вай афзуд, ин шеваи кишвардорӣ масираш комилан мушаххас аст ва чизе ҷуз ақибмондагии кишвар ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.

Гуфтанӣ аст, қарзи баҳрадор гирифтани давлати Покистон аз Арабистони Саудӣ мавҷе аз интиқодоти дохилиро дар Покистон ба роҳ андохтааст.

Ҳамзамон бо сафари Умронхон, нахуствазири Покистон ба Риёз ва дидор бо Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистон дар 23 -юми октябр пардохти 9 миллиард доллар имтиёз ба сурати содироти нафт ва се миллиард доллар ба сурати нақдӣ аз Риёз ба Исломобод мавриди тавофуқи ду тараф қарор гирифт.