Ноябр 01, 2018 12:14 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Арабистон дар эътироз ба эъдоми хидматкори индонезӣ

Вазорати хориҷаи Индонезия дар эътироз ба эъдоми як хидматкори индонезӣ дар Арабистон, сафири ин кишвар дар Ҷакартаро эҳзор кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Вазорати хориҷаи Индонезия рӯзи чаҳоршанбе бо эҳзори сафири Арабистон аз ӯ хост тавзеҳ диҳад, ки чаро Риёз ба Ҷакарта дар бораи ин эъдом иттилоъ надода буд.

Дафтари Ҷоко Видодо, раисҷумҳури Индонезия ҳам рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард, Видодо дар тамоси телефонӣ бо Одил Алҷубайр, вазири хориҷаи Саудӣ маротиби эътирози шадиди худро ба иқдоми Риёз дар эъдоми Тути Турсилавати, шаҳрванди Индонезия эълом кардааст.

Риёз рӯзи душанбе Тути Турсилаватиро ба иттиҳоми қатли як шаҳрванди Саудӣ дар шаҳри Тоиф эъдом кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Созмони ҳимоят аз муҳоҷирони Индонезия, ки дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи коргарони ин кишвар фаъолият мекунад, эълом кард, Турсилавати аз худ дар баробари корфармои арабистониаш, ки дар талош буд ба вай таҷовуз кунад, дифоъ кардааст.

Бисёре аз хидматкорони хориҷӣ, ки дар хонаҳои шаҳрвандони Саудӣ машғул ба кор ҳастанд, илова бар шароити сахти кор ва мушкил дар дарёфти дастмузди худ, дар маърази суистифодаҳои ҷинсӣ низ қарор мегиранд.

Ҳар гуна мухолифати хидматкорон дар баробари соҳибкор, бо ҳабс ва танбеҳҳои хонагӣ ҳамроҳ аст, дар ҳоле ки ҳеҷ қонуне дар Арабистон барои ҳимоят аз ин хидматкорон, ки ағлаби онон зан ҳастанд, вуҷуд надорад.

Ҳамчунин гузориши созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ҳикоят аз он дорад, ки корфармоён дар Арабистон гузарномаҳо ё шиносномаҳои занони хидматкорро забт мекунанд (кашида мегиранд) то имкони бозгашти онҳо ба кишварҳояшон аз байн биравад.