Ноябр 01, 2018 12:42 Asia/Dushanbe
  • Дипломатияи крикет равобити Афғонистон ва Покистонро беҳбуд мебахшад?

Раиси пешини Федератсияи крикети Афғонистон ба унвони сафири ҷадиди ин кишвар дар Покистон мансуб шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Шукруллоҳ Отиф Машъал, ҷонишини Ҳазрат Умар Зохилвол, сафири пешини Афғонистон дар Покистон шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, интихоби Шукруллоҳ Отиф Машъал, раиси пешини Федератсияи крикети Афғонистон ба унвони сафири ҷадиди ин кишвар дар Исломобод метавонад ба маънии истифода аз варзиш барои беҳбуди равобити ду кишвар бошад. Зеро Умрон Хон, нахуствазири Покистон пештар капитан ва узви тими миллии крикети ин кишвар будааст.

Крикет аз маҳбубтарин варзишҳо дар Покистон аст ва бо бозгашти муҳоҷирони афғон аз Покистон ба кишварашон дар даҳаҳои ахир, ин варзиш дар Афғонистон низ тарафдорони бисёр пайдо кардааст.