Даъвати Путин аз мардуми ҷаҳон барои дарёфти шаҳрвандии Русия
(last modified Thu, 01 Nov 2018 09:40:21 GMT )
Ноябр 01, 2018 14:40 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Путин аз мардуми ҷаҳон барои дарёфти шаҳрвандии Русия

Раисҷумҳури Русия шаҳрвандони ҳамаи кишварҳоро ба зиндагии доимӣ дар Русия ва касби шаҳрвандии ин кишвар даъват кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Владимир Путин дар шашумин конгресси атбои руси хориҷ аз кишвар, ки 31 октябр ва аввали ноябр дар Маскав дар ҳоли баргузорист, эълом кард, барои пазируфтани сиёсати муҳоҷиратӣ, ки дар он барои сукунати доимии атбои хориҷӣ дар Русия шароити бисёр осоне пешбинӣ шуда бошад, омода аст.

Путин гуфт: “Мо аз пазириши касоне, ки мехоҳанд ба таври доим ба кишвари мо биёянд ва дар Русия зиндагӣ кунанд, хушҳол мешавем”.

Раисҷумҳури Русия афзуд: “Мо ҳар чӣ дар тавон дорем барои таъмини амнияти афроде, ки ба таври ғайриқонунӣ таҳти таъқиб қарор гирифтаанд ва касоне, ки бо таҳдид рӯбарӯ ҳастанд, анҷом медиҳем ва бо паноҳандагии онҳо мувофиқат мекунем”.

Путин ҳамчунин афзоиши тарс аз Русия ва дигар шаклҳои миллигароии хушунатомез дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла дар Украина ва кишварҳои Балтикаро маҳкум кард.

Вай таъкид кард, дар ин шароит Русия қотеона аз ҳуқуқ ва манофеи шаҳрвандони худ дифоъ хоҳад кард.

Дар конгресси шаҳрвандони руси хориҷ аз кишвар 400 намоянда аз 98 кишвари ҷаҳон ширкат кардаанд.

Дар ин конгрес масъалаи ҳимоят аз ҳуқуқ ва манофеи қонунии атбои рус ва ҳамчунин масъалаи таҳсил ба забон русӣ дар хориҷ аз ин кишвар баррасӣ мешавад.