Ноябр 03, 2018 18:05 Asia/Dushanbe
  • Барканории дабири кулли СПАД

Юрий Хачатуров аз мақоми дабири куллии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) барканор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Тренд, дар пайи гузориши Кумитаи вижаи таҳқиқоти Арманистон мабнӣ бар нақш доштани Юрий Хачатуров дар таҳавулоти пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2008 Арманистон, Шӯрои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), вайро аз кор барканор кард.

Бар асоси тасмими Шӯрои СПАД, Валерий Семериков, муовини дабири кулл ба шакли муваққат вазоифи вайро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Дар таҳаввулоти пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон дар феврали соли 2008, ки мунҷар ба даргириҳое ҳам шуд, ҳашт шаҳрванди арманӣ ва ду нирӯи пулиси ин кишвар кушта шуданд.

Кумитаи вижаи таҳқиқоти Арманистон эълом кардааст, бар асоси қонуни ҷазоии ин кишвар, Хачатуров муттаҳам ба бар ҳам задани назми қонуни ҷумҳури Арманистон шудааст.

СПАД дар соли 1992 ва бо мушорикати кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон ташкил шуд.

Яке аз аҳдофи умдаи ин созмон, маҳдуд кардани заминаи густариш ва нуфузи Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва Амрико дар минтақа аст.